Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қуръакашии Гран Прии Загреб доир шуд

25.07.2019

: 1154

Фардо – 26 июл дар Ҷумҳурии Хорватия мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Zagreb Grand Prix 2019” оғоз мегардад ва то 28 июл идома меёбад.

Давоми се рӯз 558 варзишгар (332 мард, 226 зан) аз 87 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии мо ба мусобиқаи мазкур 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов (66кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) сафарбар гардиданд.
Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон доир мегардад ва Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал бо варзишгари Гвинея-Биссау Диого Кесар гуштин мегирад. 27 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд. Дар даври аввали вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари Ҷопон Арата Татсукава, Беҳрӯз Хоҷазода бошад, бо намояндаи Австрия Лукас Рейта ва дар вазни -81кг Акмал Муродов бо Алфонсо Солана аз Испания нерӯ месанҷанд. Дар рӯзи сеюм беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд. Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод аст, ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Санширо Мурао (Ҷопон)/Қуедҷай Нҳабалӣ (Украина) хоҳад буд. Темур Раҳимов низ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, ки ҳарифаш Ҷур Спийкас аз Нидерланд аст.
Ғолибони ҳамаи вазнҳо дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барандагони ҷои дуюм бо 2000 доллар ва ду ҷои сеюм бо 1000-долларӣ қадрдонӣ мешаванд.