16.07.2019
: 1259
13-14 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.
Ба иттилои сардовари чемпионат Ҳасан Шарифов, имсол 104 варзишгар дар ҳайати 8 даста – седастаӣ аз Душанбеву Суғд ва ду даста аз Хатлон – иштирок намуданд.
Дар қувваозмоиҳои каноэ танҳо мардҳо иштирок карданд. Бонувон дар байдарка, масофаҳои 200 ва 500 метр қувва озмуданд.
Пас аз натиҷагирии мусобиқот дар каноэи якнафарӣ (С-1) ба масофаи 1000 метр Шаҳриёр Даминов пирӯз шуд. Дар масофаҳои 200 ва 500 метр Умар Рустамов ғолиб омад. Дар каноэи дунафарӣ (С-2) дар масофаи 1000 метр ҷуфти Даминов Шаҳриёр/Даминов Мустафо, дар масофаҳои 200 ва 500 метр ҷуфти Рустамов Умар/Даминов Мустафо ғалаба карданд. Дар каноэи чорнафарӣ (С-4) ба масофаи 1000 метр варзишгарон Даминов Шаҳриёр/Даминов Мустафо/Рустамов Умар/Рустамов Абубакр, дар масофаи 200 ва 500 метр Даминов Мустафо/Рустамов Умар/Рустамов Абубакр/Ҷӯраев Дилшод пирӯз гардиданд.
Дар байдаркаи якнафарӣ (К-1) ба масофаҳои 500 ва 1000 метр миёни мардҳо Абдусаттор Ғафуров аз дастаи Суғд-1 аввалин шуда ба марра расид. Масофаи 200 метрро Саидилҳом Назиров (Суғд-1) нахустин шуда тай кард. Миёни бонувон дар масофаҳои 200 ва 500 метр Мунира Бобоҷонова (Суғд-1) ғолиб шуд. Дар байдаркаи дунафарӣ (К-2) дар ҳар се масофа ҷуфти варзишгарони Суғд - Ғафуров Абдусаттор/Назиров Саидилҳом ғалаба карданд. Миёни бонувон ҷуфти варзишгарон аз Душанбе – Раҳматова Ороста/Раҳматова Мунира беҳтарин буданд. Дар ҳар се масофаи байдаркаи чорнафарӣ (К-4) душанбегиҳо – Нурмуҳаммад Тоҳирӣ/Зоҳирҷон Набиев/Манучеҳр Баёзов/Абдумаҷид Абдураҳимов пирӯз шуданд.
Ҳамчунин, эстафета дар масофаи 200 метр бо байдарка ва каноэ доир гардид, ки дар ҳар ду варзишгарони Душанбе ғалаба карданд.
Ба гуфтаи Ҳасан Шарифов, имсол чемпионат дар сатҳи баланд баргузор шуд. Қувваозмоиҳо пуршиддат гузаштанд. Натиҷаи варзишгарони вилояти Хатлон беҳтар шуда, имсол ба гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гардиданд.
Қайд гардид, ки акнун дастаи мунтахаби кишвар ба чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (1-4 август) ва калонсолон (21-25 август) омодагӣ мебинанд.