Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон дар Аҳмадобод Сурияро шикаст дод

Тоҷикистон дар Аҳмадобод Сурияро шикаст дод Тоҷикистон дар Аҳмадобод Сурияро шикаст дод Тоҷикистон дар Аҳмадобод Сурияро шикаст дод

11.07.2019

: 1093

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон дуюм ғалабаашро ҷашн гирифт.

Дар даври дуюм шогирдони Усмон Тошев ба дарвозаи тими миллии Сурия 2 голи беҷавоб заданд - Комрон Турсунов дар дақиқаи 46-ум ва Илҳомҷон Баротов дар дақиқаи 67-ум.
Дар даври аввал футболбозони мо бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон – мизбони мусобиқа – ғалаба карда буданд (4:2). Бо ба даст овардани 6 хол аз ду бозӣ тими миллии Тоҷикистон ба сатри аввали ҷадвали мусобиқа баромад.
Бозии дигари даври дуюм миёни дастаҳои Ҳиндустон – ҶХД Корея 13 июл баргузор мешавад.
Тими мунтахаби мо дар даври сеюми Ҷоми байниминтақавӣ дар Аҳмадобод бо дастаи мунтахаби ҶХД Корея бозӣ мекунад. Ин дидор 15 июн дар варзишгоҳи «EKA Arena» соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки ҳар даста бо ҳам якбозигӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ ду дастаи беҳтарин дар финал бо ҳам вомехуранд.