Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду бозии рафиқона миёни мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон

04.07.2019

: 1013

Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҷиҳати доир кардани ду бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон ба тавофуқ расиданд.

Бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои ҷавонони то 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 26 ва 29 июл дар шаҳри Таиф баргузор мешаванд. Ҳайати асосии тими Тоҷикистонро бозингароне ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразил иштирок мекунанд.
Ҳамчунин, ин бозиҳо барои тими ҷавонони кишвар як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад. Тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш мунтахабҳои ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд. Бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.