03.07.2019
: 1340
4-7 июл дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон баргузор мешавад.
Гуштингирони навраси қораи Осиё дар намудҳои гуштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гуштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ҷумҳурии моро дар чемпионат 13 варзишгар бо роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррухрӯз Раҳмонов намояндагӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин. 4-7 июли соли 2019. Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон
Гуштини юнонӣ-римӣ:
1. Алимов Суҳроб (вазни 45кг)
2. Худойбердиев Давлатҷон (48кг)
3. Мирзораҷабов Фирӯз (55кг)
4. Шарипов Давлаталӣ (60кг)
5. Собиров Нозимҷон (65кг)
6. Очилов Шероз (71кг)
7. Саидзода Султон (82кг)
Гуштини тарзи озод:
1. Қодиров Ҷамшед (51кг)
2. Ахмедов Мустафо (65кг)
3. Ашрафхонов Саидасан (71кг)
4. Шукуров Абубакр (80кг)
5. Раҷабов Исмоил (92кг)
6. Маҳмадалиев Меҳроб (110кг)
Барномаи Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон:
4 июл
Гуштини юнонӣ-римӣ: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг
5 июл
Гуштини юнонӣ-римӣ: 65, 71, 80кг, Гуштини занона: 40, 46, 53, 61, 69кг
6 июл
Гуштини занона: 43, 49, 57, 65, 73кг, Гуштини тарзи озод: 65, 71, 80кг
7 июл
Гуштини тарзи озод: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг
Эзоҳ: рақобатҳои муқаддамотӣ аз соати 10:30 то 14:00. Финал аз соати 17:00 то 19:30 бо вақти Душанбе