28.06.2019
: 1320
28 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Маросими истиқболи расмӣ дар “Қасри истиқлолият”-и Беларус баргузор шуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохурии хосаи Сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз ёфта, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.
“Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Белорус, ки аллакай характери шарикии стратегиро касб кардааст, баҳои баланд медиҳад”, - таъкид доштанд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардид:
- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот;
- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;
- Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ - техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019-2020;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Белорусбанк” -и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.