Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Волейбол: Ҷоми пойтахтро Бадахшон бурданд

25.06.2019

: 2023

Дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 19-25 июни соли равон, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон барои ба даст овардани Ҷоми пойтахт баргузор шуд.

Дар мусобиқа, ки дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон доир гашт, 12 даста барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ талош намуданд.
Дар натиҷа, ҷои аввал насиби тими волейболи ВМКБ-1 гардид. Волейболбоздухтарони бадахшонӣ дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Душанбе-1 бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Мақоми сеюмро дастаи ВМКБ-2 ба даст овард.
Ғолибону ҷоизадорон бо ҷом, медал, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.