25.06.2019
: 1038
Шаҳрҳои Милан ва Кортинаи Италия аз ҷониби вакилони иҷлосияи 134-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 интихоб шуданд.
Милан-Кортина дар баробари шаҳрҳои Стокҳолм ва Ореи Шведсия пирӯз шуд. Аз 82 раъй, як овоз беэтибор дониста шуда, Милан-Картина 47 овоз, Стокҳолм-Оре 34 овоз гирифтанд.
Миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Милан-Кортина-2026 шартнома ба тасвиб расид.
Олимпиадаи соли 2026 дуюм Бозиҳои зимистонаи олимпӣ мебошад, ки дар 20 соли охир, пас аз Турин-2006, дар Италия мегузарад, дар умум бошад, сеюм Олимпиада аст – Кортина соли 1956 Бозиҳои олимпии зимистонаро гузаронида буд.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар ду шаҳри Италия аз 6 то 22 феврал, Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ бошад, аз 6 то 15 март доир мегарданд.
“Ман Милан-Кортинаро бо ғалабааш табрик мекунам, - изҳор доштааст президенти КБО Томас Бах. Ин рӯз барои КБО рӯзи бузург аст. КБО барои корҳои омодагӣ ба кумитаи тадорукоти бозиҳо 925 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин на танҳо пирӯзии Милан ва Кортина, балки ғолибияти итолиёиҳои дӯстдорони варзиш мебошад”.