21.06.2019
: 1106
Рухшона Саидова дар 15-ум Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни мактаббачагон, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён дорад, сазовори медали биринҷӣ шуд.
Мусобиқот 19 июн оғоз шуда, шоҳмотбозон дар рӯзи аввал аз рӯи 6 категорияи синну сол дар равияи рапид бозӣ карданд. Шоҳмотбоздухтари тоҷик Рухшона Саидова миёни 15-солаҳо сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 8 нафар - Назар Ғафуров (то 7-солаҳо), Пайрав Қодирӣ (то 9-солаҳо), Сабрина Абророва, Ҷалолиддин Илҳомӣ (то 13-солаҳо), Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов (то 15-солаҳо), Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков (то 17-солаҳо) иштирок доранд.
Дар чемпионат 186 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок доранд. Бозиҳо дар равияҳои классикӣ ва блитс то 29 июн идома меёбанд.