18.06.2019
: 1090
19-29 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 15-ум Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни мактаббачаҳо доир мегардад.
Мусобиқаҳо дар 6 категория – то 7, то 9, то 11, то 13, то 15 ва то 17-сола миёни духтарон ва писарон аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс сурат мегирад.
Дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 8 нафар, аз ҷумла Сабрина Абророва, ки чанде пеш дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар Ханти Мансийски Россия ғолиб гардида буд, миёни то 13-солаҳо, инчунин Назар Ғафуров (то 7-солаҳо), Пайрав Қодирӣ (то 9-солаҳо), Ҷалолиддин Илҳомӣ (то 13-солаҳо), Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов (то 15-солаҳо), Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков (то 17-солаҳо) иштирок мекунанд.