Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон – Афғонистон. Дӯстӣ ғалаба кард

08.06.2019

: 996

Бозии рафиқонаи мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон, дар доираи омодагии дастаҳо ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, мусовӣ анҷом ёфт.

Вохӯрӣ шоми 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Бозиро дар варзишгоҳ 13500 нафар тамошо карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 72-юми дидор футболбози меҳмон Умрон Ҳайдарӣ кушод. Қабл аз анҷоми бозӣ ҳамлагари Тоҷикистон Шаҳром Самиев ҳисобро баробар кард.
Бозии навбатии рафиқонаи тими миллии мо бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 11 июн муқобили Чин сурат мегирад. Ин дидор дар шаҳри Гуанжоу баргузор мешавад.