Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқа ба хотираи Гранаткин: Мусовии дуюми Тоҷикистон

07.06.2019

: 912

Дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-17) бозии дуюмашро низ дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия дар гурӯҳи “В” бо тими наврасони Қирғизистон мусовӣ анҷом дод – 1:1. Тоҷикистон дар даври аввал бо Юнон мусовӣ (4:4) бозӣ карда буд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи қирғизҳо ба поён расид. Футболбозони мо дар замони изофӣ (90+2) тавонистанд ҳисобро баробар кунанд.
Ҳисобро дар дақиқаи 26-ум бозингари тими ҳариф Эмир Шигайбаев кушод. Дар дақиқаи 38-ум бозингари тими Қирғизистон Айдар Аҷимамбетов барои бозии дағал корти сурх гирифта, аз майдон ронда шуд. Футболбозони мо дар нимаи дуюм ҷараёни бозиро пурра ба даст гирифтанд ва чандин ҳолати хавфнок ба вуҷуд оварданд, вале танҳо дар дақиқаҳои иловагӣ тавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Ин кор тавассути голи задаи Амадонӣ Камолов имконпазир шуд.  
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои наврасони Туркия ва Юнон шоми имрӯз доир мегардад. Феълан Тоҷикистон бо 2 хол баъд аз Туркия дар ҷои дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор дорад.
Дар даври ҷамъбастӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов 10 июн бо ҳамсолонашон аз Туркия бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқа ба хотираи Гранаткин 12 даста иштирок доранд, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Боқимонда дастаҳо барои ҷойҳои 5-12 мусобиқаро идома медиҳанд.