04.06.2019
: 1027
2 июн дар шаҳри Афинаи Юнон 59-ум Анҷумани байналмилалии Академияи байналмилалии олимпӣ (АБО) барои ҷавонон оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман Президенти Ҷумҳурии Юнон Прокопиос Павлупулос ва президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ширкат карданд.
“Дипломатяи олимпӣ ва сулҳ” мавзӯи асосии анҷуман мебошад. 59-ум Анҷумани АБО барои ҷавонон бо иштироки 171 нафар аз 91 кумитаи миллии олимпӣ то 15 июн ҷараён мегирад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро волонтёрони кумита Ҳофиз Сангаков ва Робия Ҳоҷиева намояндагӣ мекунанд.
Президенти Юнон Павлопулос зимни суханронӣ ба “идома ёфтани шуълаи олимпӣ ва арзишҳои ҳаракати олимпӣ” ишора карда, аз ҷавонон хост, ки дар ватанашон “машъалбардори шуълаи олимпӣ” бошанд.
Дар идома гуфта шуд, ки анҷумани ҳарсола барои таблиғ ва ташвиқи арзишҳои олимпӣ нигаронида шудааст.
Иштирокчиён дар баробари шунидани маърӯзаҳо аз ҷойҳои таърихии шаҳри Афина, хусусан деҳаи Олимпиа – саромади Бозиҳои олимпӣ – дидан мекунанд.