04.06.2019
: 2674
Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳанги миллиамон истиқбол мегиранд. Сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Яъне мо бояд тамоми нерӯи худро ба ҳамин самт равона карда, наслҳои наврас ва ҷавононро, ки созандагону соҳибони ояндаи Тоҷикистон мебошанд, дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, пос доштани муқаддасоти Ватан ва эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллати куҳанбунёдамон тарбия кунем.
Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кӯмак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд. Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки минбаъд сафи чунин шахсони саховатпешаву савобҷӯй боз ҳам бештар мешавад.
Ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону ниёзмандон дар фарҳанги мусулмонӣ аз ҷумлаи амалҳои писандидатарин ба ҳисоб меравад. Моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд.Ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ба монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаҳои инсонпарварона, омӯзиши илму маърифат ва одобу фарҳанг нақши барҷаста бозидаанд.
Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад. Аз ин рӯ, хайру саховат ва меҳрубонӣ кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед ба сӯи мо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва мусулмонии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми кишварамон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, бахту саодат ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони арҷманд!