03.06.2019
: 1096
Дар идомаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо тими наврасони Узбекистон ду бозии рафиқона анҷом медиҳад.
Ҳар ду бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд 21 ва 23 июн доир хоҳад шуд.
Бозиҳои рафиқонаи пешорӯ барои тими наврасони кишвар марҳилаи дигари омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки 14-22 сентябри соли равон дар Урдун ба нақша гирифта шудааст, маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд, ки ҳарифонашон дастаҳои мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувейт ҳастанд.