14.05.2019
: 1109
Аз 23 апрел то 2 май дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба волейбол миёни мардҳо ва бонувон баргузор гардида, бо пирӯзии дастаҳои ВМКБ ва Душанбе-1 ба анҷом расид.
Тавре аз Федератсияи волейболи мамлакат хабар доданд, дар чемпионати имсола миёни мардҳо 8 даста ва миёни бонувон 6 даста иштирок карданд. Волейболбозони Бадахшон миёни писарон маҳорати хуб нишон дода, ғолиби чемпионат гардиданд. Онҳо дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Душанбе-2 пирӯз шуданд. Ҷои сеюмро дастаи вилояти Суғд ба даст овард.
Миёни бонувон бошад, дастаи Душанбе-1 ғалаба кард. Волейболбоздухтарони пойтахт дар бозии финалӣ бар дастаи ВМКБ пирӯз шуданд. Миёни бонувон низ дастаи Суғд ҷои сеюмро ишғол намуд.