Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таваҷҷуҳ! Таҳсил дар магистратураи КБО

14.05.2019

: 1065

Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабули довталабони зинаи бакалаврро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура дар риштаи «Одоби варзиш ва мутобиқсозии он» эълон намудааст.

Ин иқдом дар доираи Барномаи «Гузариши варзишгар ба давраи касбият» амалӣ гардида, дар он танҳо олимпичиён – варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кардаанд - ширкат карда метавонанд, олимпичиёне, ки дорои дараҷаи бакалавр буда, шаҳодатномаи забони англисӣ доранд.
Муҳлати таҳсил 2 солро дар бар гирифта, дар ин муддат хароҷоти роҳ, будубош, хӯрок, ҳаққи таҳсил аз ҷониби Ҳамбастагии олимпӣ пардохт мегардад.
Азбаски масъалаи одоби варзиш имрӯз чун як мушкили доғи рӯз дар олами варзиш боқӣ мондааст, масъулини дахлдори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ҳамдастӣ бо 6 донишгоҳи бонуфузи Аврупо тасмим гирифтаанд, ки масъалаи мазкурро бо истифода аз нерӯи олимпичиён бартараф намоянд.
Ҷараёни пешниҳоди дархостнома тариқи системаи ягонаи онлайн-платформа сурат гирифта, аз довталабон нусхаи шиносномаи хориҷӣ, шаҳодатномаи забони англисӣ, нусхаи феҳристи баҳоҳо ва нусхаи диплом талаб карда мешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостнома 17 майи соли 2019 буда, пас аз анҷоми он ҳамаи ҳуҷҷатҳо барои таҳлилу баррасӣ ба комиссияи қабул пешниҳод мегардад. Хоҳишмандон имкон доранд ҳуҷҷатҳояшонро то 16 май ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.