08.05.2019
: 1338
Дастаҳои мунтахаби духтарони Тоҷикистон оид ба ҳандбол миёни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-19) дар 3-юмин мусобиқаи минтақавӣ миёни бонувон барои дарёфти ҷоизаи Федератсияи байналмилалии ҳандбол дар Муғулистон иштирок доранд.
Дар мусобиқа, ки 6 май оғоз гардид ва то 10 май идома меёбад, дастаҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар ҳар ду синну сол иштирок доранд. Дастаҳо бо ҳамдигар як бозӣ анҷом дода, ғолиби мусобиқа миёни наврасон ба мусобиқаи байниминтақавӣ роҳхат мегирад. Ғолиби мусобиқаи ҷавонони то 19-сола бошад, ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2020 миёни бонувони то 20-сола, ки дар Руминия доир мегардад, роҳхат мегирад.
Натиҷаи бозиҳо
U-17
6 май (душанбе)
Муғулистон - Узбекистон – 21:40
ТОҶИКИСТОН – Турманистон – 5:45
7 май (сешанбе)
Қирғизистон – Муғулистон – 11:42
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 58:4
8 май (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 6:29
Туркманистон – Узбекистон – 22:37
Бозиҳои оянда
9 май (панҷшанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН
10 май (ҷумъа)
Туркманистон – Муғулистон
Узбекистон – Қирғизистон
U-19
6 май (душанбе)
Узбекистон – Қирғизистон – 93:0
Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 62:9
7 май (сешанбе)
Муғулистон – Узбекистон – 21:48
Қирғизистон – Туркманистон – 4:67
8 май (чоршанбе)
Туркманистон – Муғулистон – 39:28
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 28:14
Бозиҳои оянда
9 май (панҷшанбе)
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН
Узбекистон – Туркманистон
10 май (ҷумъа)
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
Қирғизистон - Муғулистон