Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” дар даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон

26.04.2019

: 964

Дар бозии марказии даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Вохӯрӣ 25 апрел дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Турсуналӣ Рустамов (2-юм дақиқа), Давронҷон Эргашев (7-ум дақиқа) ва Дилшод Бозоров (39-ум дақиқа) заданд.
Имрӯз – 26 апрел – “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи “Истаравшанро қабул мекунад. Оғози бозӣ – соати 18:00.
Ду бозии дигари даври чорум 27 апрел доир мегарданд. “Куктош” бо “Панҷшер”, КМВА “Помир” бо “Хатлон” бозӣ мекунанд.