Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар “Ҷоми баҳор – Пореч-2019” ширкат мекунад

13.04.2019

: 1070

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи “Ҷоми баҳор-2019” («Futsal Week Spring Cup – Porec 2019»), ки аз 13 то 16 апрел дар шаҳри Пореч доир мегардад, ба Хорватия сафар кард.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Маҷористон (14 апрел), Шведсия (15 апрел) ва Черногория (16 апрел) бозӣ мекунад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали кишвар Ҳучейн Шодиев барои ширкат дар мусобиқаи “Ҷоми баҳор – Пореч-2019” 13 бозингар даъват кардааст.
Иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими футзали Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё, ки 16-27 октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Futsal Week Spring Cup – Porec 2019»:

Дарвозабонҳо: Шуҳрат Бибудов («Сипар»), Сироҷиддин Ҳусайнов (ДДТТ «Сино»);

Бозингарон: Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Раҳмоналӣ Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»), Мансур Эргашев («Бонки миллӣ»).

Роҳбарият: Комрон Шодиев – роҳбари ҳайат, Фирӯз Юсуфзода – менеҷер, Ҳусейн Шодиев – сармураббӣ, Ораз Ализода – мушовири сармураббӣ, Даврон Олимов – табиб, Хайриддин Асалов – администратор.

Мусобиқаи байналмилалии «Futsal Week Spring Cup – Porec 2019»

13 апрел (шанбе)
20:30. Маҷористон – Черногория

14 апрел (якшанбе)
19:00. Черногория – Шведсия
21:00. ТОҶИКИСТОН – Маҷористон

15 апрел (душанбе)
20:30. Шведсия – ТОҶИКИСТОН

16 апрел (сешанбе)
19:00. ТОҶИКИСТОН – Черногория
21:00. Маҷористон – Шведсия

Оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.