12.04.2019
: 1199
23-28 апрели соли равон дар шаҳри Сиани Чин Чемпионати Осиё оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мегардад, ки дар он аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок мекунад.
Қувваозмоиҳо аз рӯи ду равияи гуштин – тарзи озод миёни мардҳову бонувон ва юнонӣ-римӣ миёни мардон дар 30 категорияи вазнӣ сурат мегиранд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 13 варзишгар - 10 нафар дар равияи тарзи озод, 3 нафар дар равияи юнонӣ-римӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Чемпионати Осиё барои варзишгарон як замина барои Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Нурсултон (Остона) мегузарад, маҳсуб меёбад. Яъне дар Чемпионати ҷаҳон он варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои минтақавӣ ширкат карда бошанд. Дар Нурсултон 5 варзишагари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби аввалин роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи ин намуд мегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – Сиан-2019:
Гуштини тарзи озод:
57кг – Ҳикматулло Воҳидов
61кг – Ҷамшед Шарифов
65кг – Абулқосим Файзиев
70кг – Сорбон Абдулҳаев
74кг – Ғуломҷон Шарифов
79кг – Аъзамҷон Юсуфов
86кг – Баҳодур Қодиров
92кг – Фаридун Одилов
97кг – Искандари Рустам
125кг – Фарҳод Анақулов
Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов
Гуштини юнонӣ-римӣ:
67кг – Мубинҷон Ахмедов
77кг – Ҳабибҷон Зуҳуров
87кг – Тоҳир Охонов
Сармураббӣ – Фаррух Беков