Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истаравшан” бар тими “Хуҷанд” ғалаба кард

“Истаравшан” бар тими “Хуҷанд” ғалаба кард “Истаравшан” бар тими “Хуҷанд” ғалаба кард “Истаравшан” бар тими “Хуҷанд” ғалаба кард

12.04.2019

: 1229

11 апрел ду бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии марказии даври дуюм “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд. “Дербии Суғд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар шоҳидии 15000 мухлис бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари истаравшаниҳо Бахтовар Зокиров, ки ду гол зад, гардид. Голи дастаи меҳмонро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар чемпиони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол” дастаи “Хатлон”-ро шикаст дод – 3:1. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Як голи дигарро бохтариҳо худашон тавассути ҳимоятгар Алишер Баротов вориди дарвозаашон намуданд. Голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ба номаш сабт кард.
“Истиқлол”, ки дар ду давр 6 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали чемпионат қарор гирифт.
Ду бозии дигари даври дуюми чемпионати футболи мамлакат 13-14 апрел доир мегардад. 13 апрел КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад, 14 апрел дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” нерӯ месанҷанд. Оғози бозиҳо – соати 16:00.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ

 

 ДАСТАҲО

 Б    

 Ғ    

 М    

 Б    

 Т-Т    

 Хол    

1

 “Истиқлол” (Душанбе)

 2

 2

 0

 0

 7-2

 6

2

 “Куктош” (Рӯдакӣ)

 1

 1

 0

 0

 2-0

 3

3

 “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)      

 1

 1

 0

 0

 2-1

 3

4

 “Истаравшан” (Истаравшан)

 2

 1

 0

 1

 3-3

 3

5

 “Хуҷанд” (Хуҷанд)

 2

 1

 0

 1

 2-2

 3

6

 КМВА “Помир” (Душанбе)

 1

 0

 0

 1

 0-2

 0

7

 “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

 1

 0

 0

 1

 1-4

 0

8

 “Хатлон” (Бохтар)

 2

 0

 0

 2

 1-4

 0