11.04.2019
: 1098
Маросими қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро муайян кард. Футболбозони ҷавони мо дар гурӯҳи “С” бо мунтахабҳои футзали Ҷопон ва Ветнам бозӣ мекунанд.
Маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2019 миёни ҷавонон оид ба футзал 11 апрел дар Куала Лумпур доир гашт. Дар ҷараёни қуръакашӣ 4 гурӯҳи иборат аз седастаӣ ташкил ёфт. Дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳхат мегиранд ва мусобиқаро тибқи системаи олимпӣ идома медиҳанд.
2-юм Чемпионати Осиё оид ба футзал миёни ҷавонони то 20-сола 14-23 июни соли равон дар шаҳри Табрези Эрон баргузор мешавад.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2019 (U-20) оид ба футзал:
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Ҳонг Конг.
Гурӯҳи «В»: Тайланд, Лубнон, Қирғизистон.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Ветнам, ТОҶИКИСТОН.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Индонезия, Тайпэйи Чин.