11.04.2019
: 978
Фикру мулоҳизаҳои варзишгарон дар қабули қарорҳо оид ба рушди ҳаракати олимпӣ ба инобат гирифта мешавад. Бо ин мақсад 13-15 апрел дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария 9-ум Форуми байналмилалии варзишгарон доир мегардад.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба варзишгарон ва фикру андешаҳои онҳо оид ба Бозиҳои олимпӣ афзуд ва феълан қариб дар ҳамаи федератсияҳои варзишӣ, кумитаҳои миллии олимпӣ, ҳамчунин ташкилотҳои варзишии қитъавӣ комиссияҳои варзишгарон таъсис ёфтааст ва дар тасмимгириҳо вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз вазифаҳои асосии Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ робитаи доимӣ бо шабакаи ҷаҳонии варзишгарон ва шунидани пешниҳоду мулоҳизоти онҳо мебошад.
Аммо вазифаи муҳиму асосии комиссия ҳифзи манфиатҳои варзишгарон ва андешаҳои онҳо дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб меёбад. Масалан, дар 7-ум Форуми байналмилалии варзишгарон масъалаи амнияти варзишгарон ҳангоми баргузории бозиҳо баррасӣ шуд. Пешниҳод гардид, ки КБО дар робита ба ин масъала, хизматрасонии нозиронро ба роҳ монад, то варзишгарон оид ба ҳар масъалаи пешомада тавонанд муроҷиат кунанд ва бе ифшои шахсияташон аз проблемаву қоидавайронкуниҳо хабар диҳанд.
Комиссия, ҳамчунин ба варзишгарони хоҳишманд, ки карйераи варзишиашонро анҷом медиҳанд, барои идомаи фаъолияташон дар самтҳои дигар кӯмак мерасонад.
Дар 9-ум Форуми байналмилалии варзишгарон дар Лозаннаи Швейтсария Тоҷикистонро бо дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгари шинохта, қайиқрон Шаҳриёр Даминов намояндагӣ мекунад.