Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019”

10.04.2019

: 88

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иборат аз бозингарони то 15-сола бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Чин ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” гардиданд.

Футболбозони навраси мо дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони кишвари мизбон – Чин мусовӣ бозӣ карданд – 0:0. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар ду даври аввал бар тими наврасони Қирғизистон (8:0) ва Мйанма (5:0) пирӯз шуда буданд.
Мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин барои тими мунтахаби наврасони мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентябр доир мегардад, ба ҳисоб мерафт.

Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019» миёни мунтахабҳои наврасон (U-15)

1-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 8:0
Голҳо: Муҳамадворис Сайдалиев, Абдуфаттоҳ Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Раҳматшо Раҳматзода.

2-юм давр
Мйанма – ТОҶИКИСТОН – 0:5
Голҳо: Хусрав Тоиров, Меҳрубони Абдурауф, Муҳаммадворис Сайдалиев, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Муҷовид Шовайсудинов.

3-юм давр
Чин – ТОҶИКИСТОН – 0:0