Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бахшида ба Рӯзи пойтахт: мусобиқоти гуштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, теннис...

10.04.2019

: 2101

Шанбеи 3-юми моҳи апрели ҳар сол дар ҷумҳурӣ Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ як қатор мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои Раҷабалӣ Турсунзода, масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи пойтахт, дар баробари 10-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел доир мегардад, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва 27 апрел мусобиқаи гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ҳамчунин, аз 21 то 24 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба теннис миёни наврасону ҷавонон ва духтарон ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, дар ҳамаи майдончаҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд ва толорҳову мактабҳои варзишӣ баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ оид ба намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шашкаю шоҳмот ва ғайра дар назар аст.