Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарон (U-15): 10 даста ба майдон мебарояд

Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарон (U-15): 10 даста ба майдон мебарояд Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарон (U-15): 10 даста ба майдон мебарояд

05.04.2019

: 987

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои духтарони то 15-сола баргузор шуд.

Дар чемпионат 10 даста иштирок мекунанд: «Сайёра» (Душанбе), Мактаби махсуси варзишии футбол, аспсаворӣ ва тӯббозӣ дар об – ММВФАТО (Ҷаббор Расулов), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Чашма» (Шаҳритус), «Хатлон» (Бохтар), «Ситора» (Фархор), «Барқ» (Норак) ва «Зарнисор» (Вахш).
Мусобиқот ба таври системаи даврӣ дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар мавсим ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад. Чемпионат 14 апрел шуруъ гардида, то 21 сентябр идома меёбад.
Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввал 14 апрел ҷуфтҳои зерин бо ҳам бозӣ мекунанд: «Ситора» – «Панҷшер», «Чашма» – ММВФАТО, «Мастчоҳ» – «Хатлон», «Сайёра» – «Равшан», «Зарнисор» – «Барқ».
Тамоми хароҷоти баргузории чемпионатро Федератсияи футболи Тоҷикистон бар уҳда гирифтааст. Ба ҳамаи 10 даста либоси варзишӣ, пояфзол, тӯб, таҷҳизоти варзишӣ ва дуҷуфтӣ либос барои бозӣ супорида шуд. Ба ғайр аз ин ФФТ роҳкиро, хӯроки аъзои дастаҳо ва ҳаққи хизмати доваронро пардохт мекунад.

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтарони то 15-сола

1-ум давр
14 апрел (якшанбе)

«Ситора» – «Панҷшер»
«Чашма» – ММВФАТО
«Мастчоҳ» – «Хатлон»
«Сайёра» – «Равшан»
«Зарнисор» – «Барқ»

2-юм давр
21 апрел (якшанбе)

«Панҷшер» – «Барқ»
«Равшан» – «Зарнисор»
«Хатлон» – «Сайёра»
ММВФАТО – «Мастчоҳ»
«Ситора» – «Чашма»