Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон (U-15) дар “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” ширкат мекунад

05.04.2019

: 1040

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол, иборат аз бозингарони то 15-сола, зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) ширкат мекунад.

Мусобиқа аз 6 то 10 апрели соли равон дар шаҳри Вэйнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.
Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур Аҳлиддин Турдиев 22 футболбоз даъват кардааст, ки ҳамагӣ Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019” дастаҳои мунтахаби чор кишвар иштирок мекунанд – Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Мйанма. Мусобиқа тариқи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Мунтахаби наврасони мо (U-15) дар шаҳри Вэйнан аввалин бозиашро 6 апрел муқобили тими наврасони Қирғизистон баргузор мекунад. Дар даври дуюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев 8 апрел муқобили Мйанма ба майдон мебароянд ва дар даври охир 10 апрел бо мунтахаби наврасони Чин бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15):

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғафоров, Зафар Шарифов;

Ҳимоятгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфатоҳи Худойдодзода;

Ҳамлаварон: Муҷовид Шовайсудинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Саидалиев, Аминҷон Раҳмонов.

Ҳайати роҳбарикунанда: Меҳроҷ Холов – менеҷер, Аҳлиддин Турдиев – сармураббӣ, Алиҷон Турдиназаров – мураббӣ, Аслиддин Ҳабибуллоев – мураббии дарвозабонҳо, Шуҳрат Зайниддинов – табиб, Абдураҳим Муҳаммадзода – администратор.

Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019” миёни мунтахабҳои наврасон (U-15)

1-ум давр
6 апрел (шанбе)

13:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
16:35. Чин – Мйанма

2-юм давр
8 апрел (душанбе)

13:00. Мйанма – ТОҶИКИСТОН
16:35. Қирғизистон – Чин

3-юм давр
10 апрел (чоршанбе)

13:00. Қирғизистон – Мйанма
16:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.