Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми КФО-2019: “Истиқлол” дар даври аввал пирӯз шуд

Ҷоми КФО-2019: “Истиқлол” дар даври аввал пирӯз шуд Ҷоми КФО-2019: “Истиқлол” дар даври аввал пирӯз шуд

04.04.2019

: 1064

Дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Нимаи аввали бозӣ бе гол сипарӣ гашт. Бозингарони “Истиқлол” дар нимаи дуюм ташаббусро ба даст гирифтанд ва дар дақиқаи 50-ум тавассути легионери арманӣ Руслан Корян ҳисобро кушоданд. Баъд аз 18 дақиқа ҳимоятгари “Хуҷанд” дар назди дарвозаи дастааш муқобили Муҳаммадҷон Раҳимов дағал бозӣ кард ва сардовар пеналтӣ таъин намуд, ки онро Алишер Ҷалилов иҷро карда, ҳисобро афзуд. Дар дақиқаи 72-юми вохурӣ Руслан Корян маротибаи дуюм дарвозаи ҳарифро рахна кард ва “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 бар тими “Хуҷанд пирӯз шуд.
Дар дидори дигари гурӯҳи “D”-и Ҷоми КФО-2019 чемпиони Қирғизистон “Дордой” дар майдони худ бо тими “Олтин Асир”-и Туркманистон мусовӣ бозӣ кард – 1:1.
Пас аз натиҷагирии даври аввал “Истиқлол” бо 3 хол дар ҷои аввали ҷадавал мавқеъ гирифт. “Дордой” ва “Олтин Асир” якхолӣ гирифтанд.
Бозиҳои даври дуюми гурӯҳи “D” 17 апрел баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир”, “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Дордой” вомехуранд.