Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

10-ум Ниммарафони Душанбе баргузор мешавад

02.04.2019

: 1029

10-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт 20 апрел баргузор мешавад.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе миёни мардон ва бонувон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ҷоизапулӣ дода мешавад:
Ҷои 1: 31150 сомонӣ;
Ҷои 2: 26700 сомонӣ;
Ҷои 3: 22250 сомонӣ;
Ҷои 4: 17800 сомонӣ;
Ҷои 5: 16020 сомонӣ;
Ҷои 6: 13350 сомонӣ.

Барои иштирок дар ниммарафон ба ғайр аз давандҳои тоҷик, варзишгарон аз 27 давлати дунё даъват шудаанд.
Аввалин Ниммарафони Душанбе дар масофаи 22 километр бо иштироки варзишгарони 14 бародаршаҳр ва шаҳрҳои ҳамкори Душанбе соли 2010 баргузор гардид ва соли 2014 ба тақвими марафонҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ворид карда шуд.
Дар Ниммарафони Душанбе чун анъана, дар баробари варзишгарони тоҷик, намояндагони Афғонистон, Белорус, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чин, ШМА, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе, инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор мешаванд.