Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтаринҳои гимнастика муайян гардиданд

Беҳтаринҳои гимнастика муайян гардиданд Беҳтаринҳои гимнастика муайян гардиданд

02.04.2019

: 987

30-31 март дар МД “Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб”-и шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гимнастикаи бадеӣ баргузор шуд.

Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба гимнастикаи бадеӣ Миҷгона Шарифова, дар чемпионат 73 варзишгари соли таваллудашон 2006-2010 аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи ду намуд – инфиродӣ ва даставӣ сурат гирифта, беҳтаринҳо муайян гардиданд. Дар равияи гимнастика бо симпарак Саҳарнози Каримҷон ғолиб шуд. Дар гимнастика бо тӯб ва ҳалқа Мадина Ҳайдарова беҳтарин буд. Лайло Ҳакимова дар гимнастика бо симпарак ва тӯб ҳамто надошт. Алиса Ботина дар гимнастика бо ҳалқа ва булава ва Даря Галчанская дар гимнастика бе ашё ғалаба карданд.
Дар намуди даставӣ варзишгарони шаҳри Душанбе пирӯз гардиданд.
Ба гуфтаи Миҷгона Шарипова мақсади асосии чемпионат муайян кардани беҳтаринҳо ва омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, иштироки дастаи Тоҷикистон дар 3-юм мусобиқаи байналмилалии “Шагала”, ки моҳи август дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир мегардад, дар назар аст.