Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” маротибаи ҳаштум Шоҳҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

“Истиқлол” маротибаи ҳаштум Шоҳҷоми Тоҷикистонро ба даст овард “Истиқлол” маротибаи ҳаштум Шоҳҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

31.03.2019

: 1049

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Шоҳҷоми Тоҷикистон-2019 бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, бори ҳаштум ин ҷоизаро сазовор гардид.

Бозии ҷашнӣ – 10-умин Шоҳҷоми Тоҷикистон – шоми 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб ду голро легионери арманӣ Руслан Корян зад. Як голи дигарро ҳамлавар Шаҳром Самиев, ки ба ҷои Руслан Корян ба майдон баромад, ба номи худ сабт кард.
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” маротибаи ҳаштум ғолиби Шоҳҷоми Тоҷикистон гардид. Қаблан дастаи футболи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 сазовори ҷом гардида буд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Шоҳҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов супорид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бори дигар вориди майдон мешаванд. Ин бор дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019. Оғози бозӣ – соати 19:00.

Шоҳҷоми Тоҷикистон-2019

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 3:0
Голҳо: Руслан Корян, 38 – аз пеналтӣ (1:0). Руслан Корян, 50 (2:0). Шаҳром Самиев, 90+3 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Ҷалил Кимсанов (Бахтиёр Қаландаров, 75), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Михайло Сакич (Эҳсони Панҷшанбе, 58), Алишер Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Комрон Турсунов, Амирбек Ҷурабоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 64), Руслан Корян (Шаҳром Самиев, 58).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Манучеҳр Аҳмадов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Торнике Ҷимшелеишвили, Фирдавс Чақалов (Амирҷон Раҳимов, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Ҳоҷибой Зиёев, 77), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (Турсуналӣ Рустамов, 61), Дилшод Восиев (Дилшодҷон Каримов, 61).

Огоҳӣ: Михайло Сакич, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Асилҷон Бегимқулов, Фирдавс Чақалов, Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозингари вохурӣ: Руслан Корян («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

29 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7200 мухлис.

Ҳамаи бозиҳои Шоҳҷоми Тоҷикистон ‎(2010-2019):

2010 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Тавассути пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0