Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Брекданс эҳтимол ба барномаи Бозиҳои “Париж-2024” ворид гардад

Брекданс эҳтимол ба барномаи Бозиҳои “Париж-2024” ворид гардад Брекданс эҳтимол ба барномаи Бозиҳои “Париж-2024” ворид гардад Брекданс эҳтимол ба барномаи Бозиҳои “Париж-2024” ворид гардад Брекданс эҳтимол ба барномаи Бозиҳои “Париж-2024” ворид гардад

28.03.2019

: 236

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавсия дод, ки брекданс – як равияи рақси варзишӣ ҳамроҳ бо се намуди варзиши дигар муваққатан ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид карда шавад.

Брекданс, скейтбозӣ, мавҷбозӣ (серфинг) ва шӯхпаймоии варзишӣ бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамчун намудҳои муваққатӣ ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ворид хоҳанд шуд.
Президенти КБО Томас Бах иброз доштааст, ки ин чор намуди варзиш дар Бозиҳои Париж-2024 ба баробарии гендерӣ, ҷалби ҷавонон ва шаҳрӣ кардани бозиҳо мусоидат хоҳанд кард.
Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи КБО 24-27 июн муҳокима хоҳад шуд.
Бо эҳтимоли зиёд барои ворид кардани ин намудҳо ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2024 розигӣ дода мешавад, вале онҳо бояд ба тамоми муқаррароти мавҷуда мутобиқат кунанд. Натиҷаи ниҳоӣ оид ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар ҷаласаи Кумитаи иҷрои КБО моҳи декабри соли 2020 гирифта хоҳад шуд.
Скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки бори аввал доир мегарданд, санҷида мешаванд. Брекданс низ, ки соли гузашта дар Бозиҳои олимпии наврасон намоиш дода шуд, қабл аз ворид гардиданаш ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз ҷониби КБО назорат мешавад.
КБО ба масъалаҳои назорати варзиш, маъмурият, сатҳи мусобиқаҳо, сохтори доварон ва ҳакамӣ таваҷҷуҳ мекунад.
Тони Эстангет, ки ҳайати Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КБО роҳбарӣ менамуд, гуфт, пешниҳод оид ба ворид кардани чор намуди варзиш ба барномаи бозиҳо дар тамоми ҷаҳон пазируфта шудааст. Мақсади мо ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва аудиторияи Бозиҳои олимпӣ мебошад.