Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМВА “Помир” – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

КМВА “Помир” – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон КМВА “Помир” – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон КМВА “Помир” – ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

26.03.2019

: 231

Мусобиқаи байналмилалии пешазмавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо пирӯзии дастаи футболи КМВА “Помир” ба анҷом расид.

Дар мусобиқа, ки аз 16 то 24 март дар майдониҳои футболи Осоишгоҳи Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷараён гирифт, 7 дастаи лигаи олии мамлакат, тими наврасони то 17-солаи кишвар, ки ба чемпинати ҷаҳон-2019 дар Бразил омодагӣ мебинад ва дастаи “Алга”-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон иштирок карданд.
Дар бозии финалӣ дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА “Помир” вориди майдон шуданд. Вақти асосии бозӣ ғолибро муайян накард (1:1). Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи артишиҳо хандид. Дарвозабони КМВА “Помир” Меҳвар Сулаймонов, ки ду зарбаро гардонд, қаҳрамонӣ бозӣ дониста шуд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хуҷанд” бар дастаи “Панҷшер” ғалаба кард – 1:0. Ягона голро Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонд.
Мусобиқаи байналмилалии пешазмавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дар Гулистон бо кӯмаку дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи “FIFA Forward” доир гашт. Ҳамаи хароҷоти мусобиқа аз ҷониби ФФТ пардохт гардид.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Бозӣ барои ҷои 7-ум
«Куктош» – Тими наврасони Тоҷикистон (U-17) – 3:1
Голҳо: Азизбек Султонов, 22 (1:0). Ислом Зоиров, 24 (1:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 36 (2:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 79 (3:1).

Бозӣ барои ҷои 5-ум
«Хатлон» – «Алга» – 3:0 (бохти техникӣ)

Бозӣ барои ҷои 3-юм
«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 1:0
Гол: Дилшод Бозоров, 37.

Финал
«Истаравшан» – КМВА «Помир» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 1:4
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 32 (0:1). Насим Расулов, 79 (1:1).