Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон бар Ҳиндустон ғалаба кард

Тоҷикистон бар Ҳиндустон ғалаба кард Тоҷикистон бар Ҳиндустон ғалаба кард Тоҷикистон бар Ҳиндустон ғалаба кард Тоҷикистон бар Ҳиндустон ғалаба кард

25.03.2019

: 240

Мунтахабаи олимпии Тоҷикистон марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020-ро бо ғалаба оғоз кард. Дар бозии даври дуюми гурӯҳи “F” шогирдони Усмон Тошев бар тими олимпии Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Далер Ёдгоров (дақиқаи 30) ва Шарафҷон Солеҳов (дақиқаи 85) заданд.
Дар даври сеюм, рӯзи 26 март дастаҳои олимпии Тоҷикистону Узбекистон вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Дар сурате ки мизбони марҳилаи финалӣ – Тайланд дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳаш ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо мавқеъ ёбад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондоди беҳтар дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мешавад.
Се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 (U-23)

Гурӯҳи «F»
1-ум давр
Ҳиндустон – Узбекистон – 0:3

2-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Ҳиндустон – 2:0
Голҳо: Далер Ёдгоров, 30 (1:0). Шарафҷон Солеҳов, 85 (2:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Тоҳир Маладӯстов, 90+3), Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 76), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 72).

Огоҳӣ: Шериддин Бобоев (Тоҷикистон), Саҳал Абдул Самад, Гаурав Бора, Голуи Сартҳак (Ҳиндустон).

Беҳтарин бозингар: Шарафҷон Солеҳов (Тоҷикистон).

Сардовар: Хо Вай Синг (Ҳонг Конг).

24 март. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор». 282 мухлис.