Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали таърихии Беҳрӯз дар “Ekaterinburg Grand Slam”

Медали таърихии Беҳрӯз дар “Ekaterinburg Grand Slam” Медали таърихии Беҳрӯз дар “Ekaterinburg Grand Slam” Медали таърихии Беҳрӯз дар “Ekaterinburg Grand Slam”

17.03.2019

: 1294

Беҳрӯз Хоҷазода 16 март – дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо дар Екатеринбурги Руссия сазовори медали биринҷӣ гардид.

Беҳрӯз дар қувваозмоиҳои вазни -73кг бар варзишгарони Олмон (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард.
Воқеан медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Гранд Слам ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо мебошад.
Сомон Маҳмадбеков – паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -73 пас аз як ғалаба бар Ҳамсат Исоев аз Олмон дар даври дуюм аз Фабио Басилеи итолиёӣ, ки медали нуқраро сазовор шуд, шикаст хурд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа 3 варзишгари мо – Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров дар вазни -60кг миёни мардҳо ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни бонувон дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Имрӯз ду паҳлавони тоҷик – Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг гуштин мегиранд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар сеюм мусобиқаи Гранд Слам, ки соли 2019 баргузор мешавад, 353 варзишгар (202 мард, 151 зан) аз 47 давлати дунё иштирок доранд.