Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пиктограммаҳои Бозиҳои олимпии соли 2020 муаррифӣ шуд

15.03.2019

: 1153

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 пиктограммаҳои варзишии бозиҳоро муаррифӣ намуд.

Пиктограммаҳои варзишӣ барои муаррифии намудҳои алоҳидаи варзиш дар вақти мусобиқаҳо нигаронида шудааст. Онҳо дар густариши таҷрибаи варзишгарон ва тамошобинон дар Бозиҳои олимпӣ нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Пиктограммаҳои варзишӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии Токио-1964 истифода шуда буд.
Ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ворид гардидааст ва барои баъзе намудҳо зиёда аз 1 пиктограмма, дар умум 50 пикторамма сохта шудааст, ки дар ду шакл истифода мешавад – “ба таври озод” ва “бо истифодаи фон”.
Пиктограммаҳои варзишӣ дар овезаҳо, билетҳо, маҳсулоти литсензионӣ, харита, макони баргузории мусобиқот, роҳнамоҳо ва сомонаҳои интернетӣ истифода бурда мешавад.
Дизайни пиктограммаҳо аз ҷониби мутахассиси ҷопонӣ Масааки Ҳиромура дар муддати ду сол коркард шудааст.