Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лижаронҳои навраси тоҷик ба Корея сафар карданд

14.03.2019

: 54

16-17 март дар шаҳри Гангвони Кореяи Ҷанубӣ 28-ум Чемпионати Осиё оид ба лижаронии кӯҳӣ миёни наврасон баргузор мешавад.

Дар чемпионат иштироки варзишгарон аз 20 давлати қитъаи Осиё дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа, бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш, 3 варзишгари наврас – Аҳёзода Ҷаҳонгир, Зикруллои Шамсулло ва Маҳмадҷон Эшонов бо роҳбарии мураббӣ Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.
Варзишгарон дар равияҳои слалом ва слаломи калон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш намуди лижаронӣ дар кишвар рушд карда истодааст ва варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, варзишгарони мазкур аввали моҳи феврал дар аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”, ки дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия доир шуд, ширкат намуданд.