14.03.2019
: 1305
16 март бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.
Дар робита ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре дар қарор омадааст, чорабиниҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир мегардад.
Марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 то 9:00 ва Дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 дар масири маҳаллаи Чорбоғ то Наврӯзгоҳ идома меёбад.