07.03.2019
: 278
8-10 март дар Марокаш мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи Гран При баргузор мешавад, ки дар он 3 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.
Тавре Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар мусобиқа 487 варзишгар (288 мард, 199 зан) аз 71 давлати дунё иштирок хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро 3 паҳлавон – Хоҷазода Беҳрӯз (вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд. Федератсияи байналмилалии дзюдо барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷои сеюм 1000 доллари ИМА ҷоиза муқаррар кардааст. Иштирокчиёни мусобиқа, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.
Барномаи Гран Прии Марокаш оид ба дзюдо
8 март
Бонувон: -48кг; -52кг; -57кг.
Мардҳо: -60кг; -66кг.
9 март
Бонувон: -63кг; -70кг.
Мардҳо: -73кг; -81кг.
10 март
Бонувон: -78кг; +78кг.
Мардҳо: -90кг; -100кг; +100кг
Оғози қувваозмоиҳои муқаддамотӣ - соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ
Оғози қувваозмоиҳои финалӣ - соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ