07.03.2019
: 188
Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) дар меҳмонӣ бо тими “Аҳал”-и Туркманистон мусовӣ (1:1) бозӣ кард.
Дидор дар варзишгоҳи шаҳри Ашқобод баргузор гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 18 ҳамлавари тими Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев кушод. Баъд аз 10 дақиқа мизбонон тавассути голи ҳамлавар Дидор Дурдиев ҳисобро баробар карданд – 1:1 ва бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом анҷом ёфт.
Бозии ҷавобии дастаҳо 13 март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказӣ роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.