05.03.2019
: 1287
Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук сазовори 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ гардиданд.
Мусобиқа 2-3 март дар шаҳри Тошканд миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 баргузор шуд. Дар он 128 варзишгар дар ҳайати 5 даста (4 кишвар) ширкат намуданд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки кишвар, дар ҳайати Тоҷикистон, ки иборат аз 19 нафар буд, медали тиллоро Мирзодавлат Сангинзода дар қувваозмоии дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11.52 сония сазовор гашт. Мирзодавлат, инчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 23.34 сония ҷои сеюмро ишғол намуд. 3 медали дигари биринҷиро миёни духтарон Моҳрухсор Саидқулова дар масофаи 3000 метр (12:37.55 дақиқа), Ҳилола Рустамова дар гурзандозӣ бо натиҷаи 29.15 метр ва миёни писарон Сайфиддин Зулфиқорбеков дар гурзандозӣ бо натиҷаи 43.10 метр ба даст оварданд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон баъд аз дастаҳои Узбекистон-2 ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.