Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо АМА шуруъ кард

04.03.2019

: 1177

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол 4 март, ҷиҳати омодагӣ ба бозии дӯстона муқобили тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб, дар Душанбе ҷамъ омад.

Барои бозӣ муқобили тими АМА сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Усмон Тошев 22 бозингар – 2 даврозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар, 3 ҳамлавар – даъват кардааст. Дар асоси дархости ситоди мураббиёни клуби футболи “Истиқлол” ба ин ҷамъомад дарвозабони асосии даста Рустам Ятимов даъват нагардид. Ӯ дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дар Тошканд ба даста ҳамроҳ мешавад.
6 март дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Дубай сафар мекунад ва дар он ҷо 8 ва 11 март бо мунтахаби АМА ду бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 мунтахаби олимпии кишвар дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили АМА:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳама – КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов («Хатлон»), Зоир Ҷурабоев («Металлург», Узбекистон);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиклол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);
Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).