Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муҳокимаи намуди волейбол дар ҷаласаи “Роҳ ба сӯи Токио”

Муҳокимаи намуди волейбол дар ҷаласаи “Роҳ ба сӯи Токио” Муҳокимаи намуди волейбол дар ҷаласаи “Роҳ ба сӯи Токио” Муҳокимаи намуди волейбол дар ҷаласаи “Роҳ ба сӯи Токио”

01.03.2019

: 1092

1 март дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон намуди волейбол муҳокима шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба волейбол миёни бонувон Рухшона Туйғуншоева гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки волейбол соли 1895 аз ҷониби Вилям Моргани амрикоӣ ташкил ёфтааст. Федератсияи байналмилалии волейбол соли 1947 дар Париж таъсис дода шуда, ин намуди варзиш соли 1957 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид. Мусобиқаи волейбол дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал дар Олимпиадаи Токио-1964 доир гашт.
Волейбол дар Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд ёфта буд. Аз солҳои 80-и асри гузашта дастаҳои мунтахаби ҳам бонувон ва ҳам мардон дар лигаи 1-уми чемпионати ИҶШС, класси “А” бозӣ мекарданд.
Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1992 Федератсияи волейболи Тоҷикистон таъсис ёфт ва ҳамон сол аз ҷониби Федератсияи байналмилалии волейбол эътироф гардид.
Волейбол дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ – Бадахшон, Хатлон, Суғд, Душанбе, Рашт, шаҳру ноҳияи тобеи марказ рушд ёфтааст ва ҳар сол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла чемпионатҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Бо дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мунтахаби бонувони кишвар соли 2017 дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Бокуи Озарбойҷон ва қаблан дар Бозиҳои осиёӣ ширкат кардааст. Вале бо сабаби дуруст фаъолият накардани Федератсияи волейболи Тоҷикистон дастаҳои мунтахаб наметавонанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, хусусан чемпионати Осиё ширкат кунанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамаи мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои волейбол амал мекунанд ва дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Ба андешаи Р. Туйғуншоева набудани сексияҳои варзишӣ оид ба волейбол дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, набудани клубҳо дар мактабҳои олӣ, доир нагардидани машқҳои дастаҷамъӣ аз мушкилиҳои асосии намуди волейбол мебошад.
Зимни муҳокима маълум гардид, ки Федератсияи волейболи кишвар барои рушди ин намуд умуман ташаббус нишон намедиҳад ва ҳамаи мусобиқаҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба нақша гирифта шуда, гузаронида мешаванд. Дар ҳоле ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ҳатто дар деҳот ҷавонон ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳ доранд ва машғул мебошанд.
Дар идома масъалаҳои дигари соҳа баррасӣ гардиданд. Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров изҳори нигаронӣ кард, ки варзишгарон худсарона дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд. Талаб карда шуд, ки дастаҳои мунтахаб ҷиҳати иштирок дар ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ бояд бо Кумитаи кор бо ҷавонон ё Кумитаи миллии олимпӣ мувофиқа карда шаванд. Зеро он ҷо масъалаи обрую нуфузи давлат ҷой дорад. Мушоҳида мешавад, ки варзишгарони беҳтарин як тараф монда, варзишгароне, ки шояд дар ҷумҳурӣ рақами 8-10 ҳастанд, аз ҳисоби худашон ба мусобиқаҳо сафарбар мегарданд, ки сатҳи рақобатпазириашон хеле паст аст.