23.02.2019
: 1509
22 феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров бо варзишгарони ҷавон дар мавзӯи одоб дар варзиш ва ҳолати равонии варзишгар тренинг доир намуд.
Дилшод Назаров дар оғози суҳбат иброз дошт, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ду чизи мутафовит ҳастанд. Тарбияи ҷисмонӣ ба ҳама тааллуқ дорад, ҳамаи сокинон метавонанд барои солимӣ ба ягон намуди варзиш машғул шаванд. Вале варзиш касб аст. Нафароне, ки ин ё он намуди варзишро интихоб мекунанд ва пайваста тамрин менамоянд, онҳо варзишгари касбӣ ба ҳисоб мераванд.
- Барои варзишгар пеши худ мақсад гузоштан хеле муҳим аст. Вақте мақсад мегузоред, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мешавед, пас мешавед. Шумо барои ба мақсад расидан, талош мекунед, - гуфт Д. Назаров. – Ман дар рӯзҳои аввали ба тамрин рафтанам, гуфтам, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мешавам ва баъд аз 20 сол ба мақсадам расидам. Давоми 20 сол заҳмат кашидам, дар мусобиқаҳо натиҷа нишон намедодам, аммо дилшикаста нашудам ва тамринро идома додам.Дилшод Назаров ёдовар шуд, ки вақте машқ мекард, шароити зарурӣ муҳайё набуд. Пойи пиёда чандин километр роҳро тай карда, ба тамрингоҳ мерафту меомад, аммо имрӯз бо ғамхории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидааст. Тайи солҳои охир ҳазорҳо иншооти варзишӣ бунёд ёфтанд. Аз варзишгарон фақат талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ ба варзиш машғул шаванд ва кишвари маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.