19.02.2019
: 1232
18 феврал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам аз ҷараёни баргузории курси такмили ихтисос барои кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва шароити кори Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” шинос шуд.
Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 31 июли соли 2018, №358 дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, ки барои рушди соҳаи варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Абдуллозода Аҳтам зимни боздид аз марказ, аз ҷумла иброз дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиёну масъулини соҳаи варзиш, машқу тамрин ва азхуднамоии усулҳои нави варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарону мураббиён ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мебошад. Дар соли 2018 танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ барои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2794754 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 138194 сомонӣ ё 5,2% зиёд гардидааст.
- Аз мураббиёну варзишгарон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз шароити фароҳамгардида истифода бурда, машқу тамрин намоянд, нозукиҳои касбиро аз худ намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранд, - таъкид намуд Абдуллозода Аҳтам.Аввалин курси такмил ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 18 феврал оғоз гардида, то 2 марти соли 2019 идома меёбад. Шунавандагон баъд аз хатми бомуваффақияти курс бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд. Дар курси такмили ихтисос директорони мактаҳои варзишии ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбн, ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доранд.