16.02.2019
: 1098
15 феврал аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019”, ки дар Сахалини Руссия ҷараён дорад, аз ҷумла мусобиқаи лижаронӣ, намуди слалом баргузор гашт.
Дар бароибари 46 нафар иштирокчии ин мусобиқа 2 варзишгари навраси тоҷик – Ҷаҳонгир Аҳёзода ва Маҳмудҷон Эшонов низ ширкат карданд.
Ҷаҳонгир бо натиҷаи 1:38.75 ҷои 16-ум ва Маҳмудҷон Эшонов бо натиҷаи 2:01.08 ҷои 18-умро ишғол карданд. Се ҷои ифтихориро намояндагони Руссия – Семён Челмакин (1:17.46), Олег Фураев (1:18.94) ва Александр Тихомиров (1:19.36) ба даст оварданд.
Аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” 7 феврал шуруъ гардида, 16 феврал ба анҷом мерасад. Барномаи бозиҳо аз 8 намуди варзиш иборат буд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ (гонка), ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, рақси рӯи ях, сноуборд, хоккей ва шорт-трек.
То як рӯз қабл аз анҷоми бозиҳо Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (7 тилло, 8 нуқра, 5 биринҷӣ) пешсаф аст. Минтақаи Сибири Руссия бо 20 медал (7 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ) ҷои дуюм, минтақаи Москваи Руссия бо 15 медал (7 тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол кардаанд. Умуман, варзишгарони 11 даста (аз 28 даста) сазовори медали аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” гардидаанд.