14.02.2019
: 1057
Семинари омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”, ки бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ гардид, ба анҷом расид.
Иштирокчиёни семинар – 10 нафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз вилоятҳои Хатлон (шаҳри Бохтар, ноҳияи Данғара), вилояти Суғд (шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент), минтақаи Рашт ва ШНТМ (шаҳри Турсунзода) давоми 3 рӯз оид ба Ҳаракати олимпӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпии қадим, Бозиҳои олимпии муосир, Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ғайра омӯзиш дида, 14 феврал дар Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастоварди варзишгарони тоҷик дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ ошно гаштанд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо зимни суҳбати ҷамъбастӣ, аз ҷумла иброз дошт, ки қуллаи баландтарини варзиш Бозиҳои олимпӣ мебошад. Имрӯз давлатҳо барои ба даст овардани медали олимпӣ тамоми талошашонро мекунанд, аз ҷумла омӯзиши ҳаракати олимпӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи баъзе кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Бо ин роҳ ҳисси қаҳрамон будан ва муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дар замири наврасону ҷавонон ҷой карда мешавад. Наврасон ояндаи ҷомеа ҳастанд ва бархурдор будани онҳо аз самтҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла варзиш ва ҳаракати олимпӣ ба манфиат мебошад. Дар муроҷиат ба иштирокчиёни семинар гуфта шуд, ки акнун Шумо, ки соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегардед, дар расонидани маълумоти олимпӣ ба наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна уҳдадоред.
Зикр шуд, ки барнома дар оянда бо фарогирии бештари омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён татбиқ хоҳад шуд.
Ба хатмкардагони семинари омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва маводҳои чопӣ оид ба ҳаракати олимпӣ тақдим гардид.