Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио: вазнбардорон имкони гирифтани роҳхат доранд?

Роҳ ба сӯи Токио: вазнбардорон имкони гирифтани роҳхат доранд? Роҳ ба сӯи Токио: вазнбардорон имкони гирифтани роҳхат доранд? Роҳ ба сӯи Токио: вазнбардорон имкони гирифтани роҳхат доранд?

08.02.2019

: 1163

Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон навмудҳои вазнбардорӣ ва теннис баррасӣ шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ванбардорӣ Бобохон Сангов зимни гузаориш иттилоъ дод, ки намуди вазнбардорӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзиш мебошад. Ин намуд аз соли 1896 – аввалин Бозиҳои олимпӣ дар барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. Соли 1898 аввалин чемпионати ҷаҳон доир гардида, соли 1904 федератсияи байналмилалӣ таъсис ёфтааст.
Дар Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисони варзиши вазнбардорӣ асосан русҳо буданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кишварро тарк карданд ва ин намуди варзиш як муддат ба таври зарурӣ фаъолият накард.
Беҳтарин натиҷаи варзишгарон дар намуди вазнбардорӣ гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Пекин-2008 мебошад. Дар натиҷаи иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ варзишгар Низом Сангов дар вазни 69кг роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.
Қайд гардид, ки бо дастгирии соҳибкорон дар шаҳри Душанбе барои дастаи мунтахаби кишвар оид ба вазнбардорӣ як толори варзишӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин гардид. Феълан варзишгарон дар ҳамин толор тамрин мекунанд. Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик гурӯҳҳои варзишӣ оид ба ин намуди варзиш фаъолият доранд.
Феълан ду варзишгар – Абдуҳаким Ҳақбердиев ва Рамоилҷон Забиров барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио омодагӣ мебинанд. Соли равон иштироки онҳо дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ва мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар назар аст.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов маълумот дод, ки имсол дар баробари мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, дар кишвар 5 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои ӯ, феълан дар ҷумҳурӣ 120 варзишгар зери роҳнамоии 15 мураббӣ, аз ҷумла 5 мураббии сатҳи байналмилалӣ дар намуди теннис тамрин мекунанд. Беҳтарин натиҷаи теннисбозони мо дар соли 2018 ба даст овардани 7 медал дар Ҷоми кушоди Малайзия мебошад.
Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои дигари соҳаро баррасӣ намуданд.