Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: “Истиқлол” ба финали Ҷоми КФО роҳ ёфт

19.10.2017

: 214

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе бозии ҷавобии даври финалии марҳилаи байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-ро бо тими "Бенгалуру”-и Ҳиндустон мусовӣ (2:2) карда, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии даври финалии марҳилаи байниминтақавии Ҷоми КФО миёни дастаҳои "Бенгалуру” ва "Истиқлол” шоми дирӯз – 18 октябр дар варзишгоҳи "Кантерава”-и шаҳри Бангалор доир шуд. Дарвозабони тими мизбон дар майдони ҷаримавии худ муқобили Фатҳулло Фатҳуллоев бозии дағал нишон дод ва довар Хамис Муҳаммад Ал-Марӣ (Қатар) зарбаи ёздаҳметра таъин кард, ки Нуриддин Давронов онро бо гол анҷом дод. Голи дуюми "Истиқлол”-ро дар дақиқаи 56-ум легионери русиягӣ Дмитрий Барков зад.

Баъд аз натиҷагирии ду бозӣ "Истиқлол” аз ҳисоби ғалаба дар майдони худ (1:0) бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва ба бозии финалии Ҷоми КФО-2017 роҳхат гирифт. Рақиби "Истиқлол” дар финал қаҳрамони феълии мусобиқа – клуби футболи "Эйр Форс”-и Ироқ мебошад. Дидори дастаҳо 4 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.